Komp

  • 19 окт. 2012 г.
  • 4090 Слова
КОМПЮТЕРХОИ ФАРДИ ВА КИСМХОИ ТАРКИБИИ ОН


Компютерхои фардии хозиразамон аз кисмхои зерин иборат аст


1. Блоки системави 2. Монитор 3. Клавиатура 4. Муш 5. Принтер


Блоки системави кисми асоситарини компютер ба хисоб меравад. Дар дохили блоки системави манбаи барк, микропротсессор, хотира ва дигар элементхои идоракунанда ва таъминкунандаи корикомпютер чойгир шудааст.
Манбаи барк – барои чараёни электрики тагйирёбандаро ба чараёни доими додан хизмат мекунад.
Микропросессор – элементи марказии коммпютер ба хисоб меравад, ки онро низ майнаи компютер хам меноманд. Микропросессор барои ичрои амалхои арифметикию мантики, нигох доштани барномахо ва маълумоти ба онхо зарур ва идоракунии хамаи кисмхои компютер истифода мешаванд. Дар компютерхоифарди асосан микропросессорхои Intel 8088, Intel 80286, Intel 80386, Intel 80486, Intel Pentium 1,2,3,4 истифода бурда мешавад, ки онро ширкати амрикоии Intel истехсол менамояд. Ба гайр аз ин, ширкат боз дигар ширкатхо низ микропросессорро истехсол менамоянд. Моделхои гуногуни микропросессорхо аз хамдигар аз рўйи суръати ичрокунии амалхои оддитарин фарк мекунанд. Суръати ичроиши амалхоро зуддии тактименоманд. Зудии такти бо мегагерс (МГс) чен карда мешавад.
Хотираи компютер барои сабт, нигохдори ва интиколи маълумот кор фармуда мешавад.
Хотираи компютер пас аз микропросессор элементи дуюми асоси ба хисоб меравад. Хотира ду хел мешавад: хотираи фаври ва хотираи доими.
Хотираи фаври барои муваккатан нигох доштани маълумотхо хизмат мерасонад.Микропросессор ахборотхоро махз аз хаминхотира мехонад, бо онхо амалиётхои дар барнома пешбинишударо мегузаронад ва натичахои хосилшударо боз ба хамин хотира равона месозад.
Хотираи доими барои ба муддати дуру дароз нигох доштани маълумотхо ва барномахо хизмат мерасонад. Ба хотираи доими дискхои каиш (3,5 дюйм), мудаввар (CD - дискхо), дискхои дурушт ва монанди инхо мансубанд.
Чудокунии хотираи компютер ба хотираи фаври ва хотираидоими бо суръати коркарди маълумот алокаманд аст. Дар хотираи фаври суръати коркард тезтар ва дар хотираи доими бошад, нисбатан сустар ичро мешавад. Дар хотираи доими маълумот факат ба воситаи хотираи доими сабт шуда метавонад.
Монитор. Монитор, ки онро баъзан дисплей низ меноманд, барои инъикоси матни барномахо дар дисплей истифода шуда, яке аз кисмхои хоричкунии компютер ба шумор меравад.Монитор ду речаи кори дорад: речаи матни (речаи кор бо рамзхо ва матнхо) ва речаи графики (речаи кор бо нуктахои хурдтарини «Пикселхо», ки имкон медихад расму графикахо тасвир шаванд).
Намудхои гуногуни мониторхо мавчуданд, ки аз якдигар аз чихати имкониятхои худ ва рангхо фарк мекунанд. Асосан мониторхо аз рўйи рангхо ду намуд мешаванд: мониторхои сиёху сафед ва ранга.
Дар компютерхоифардии хозиразамон бештар мониторхои ранга истифода бурда мешавад ва мониторхои сиёху сафед бошад, кариб аз байн рафтааст.


Мониторхои ранга аз навъхои зерин иборатанд:
1. Мониторхои CGA(Color Graphics Adapter – Адаптери графики ранга, 4 хел намуди рангро дорад).
2. Мониторхои EGA (Enhanced Color Adapter – Адаптери рангаи васеъкардашуда, 16 хел намуди рангро дорад).
3. Мониторхои VGA(Video Graphics Array – Массиви видеографики, 256 хел тобиши рангро дорад).
4. Мониторхои SVGA (Super Video Graphics Array - Массиви видеографики оли, аз 65 000 то 16 млн. хел тобиши рангро дорад.)
Мониторхои экранхояшон хамвор. Мониторхои экранхояшон хамвор аз рўйи технологияи сохташон гуногун мешаванд. Масалан, LCD (моеъкристали), PDP (плазмави), LED (электрони-нури), FED(электролюминессенти).
Мониторхои моеъкристали лавхаи хамвори катакчадор «пиксел» буда, дар байни ду шишаи хамвор моеи кристали дорад. Ин монитор хосиятхои хоси худро дорад. Дар вакти ба чараёни электрики пайваст намудани монитор майдонхои электрики таъсир карда, рангхои гуногунро пайдо мекунад. Ба воситаи катакчахои хурд шуохои ранга баромада, тасвир хосил мешавад....
tracking img